Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев тибқи нақшаи мавзӯии Маҳфили фарҳангӣ маърифатии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳфили шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Дар маҳфил ба ғайр аз дӯстдорони асили шеър бузургони фарҳанги тоҷик низ ширкат доштанд ва базми шеърро таровати нав бахшидаю сухан гуфтанд. Ёдовар мешавем, ки Муродӣ ба наздикӣ ба синни ҳаштодсолагӣ расиданд.
Блоки рекламавӣ



