Дар маҳаллаҳои мавсум ба Гардиши Ленинград ва Гардиши Фабрикаи ноҳияи Рӯдакӣ барқ нест, аммо борбардорҳои ширкатҳои сохтмонӣ ва бархе коргоҳҳои хурду миёна кор мекунанд.
Ҳарчанд инҳо низ аз барқи истифодаи умум маҳруманд, вале ба хотири ақиб наафтодани сохтмон ва аз даст надодани муштарӣ маҷбуранд, аз генераторҳо истифода кунанд. Ба ин монанд дар атрофи Душанбе садҳо дӯкону коргоҳҳои хурду миёна чораи бебарқиро дар истифодаи генераторҳои хурду калон дидаанд.
Фаррух Усмонов, корманди як коргоҳи таъмири чархҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат мегӯяд, ки ҳарчанд ин хароҷоти иловагӣ аст, вале агар кор хуб бошад, зарар намебинанд: “Ростӣ гап ҳамин дастгоҳро понздаҳ рӯз шуд, истифода мебарам. Худованд ризқро диҳаду кор кунӣ, ягон гапе нест. Агар кор набошад, зарар мекунӣ. Беҳуда ҳам рӯшан намекунем”.
Генераторҳо дар бозор вобаста ба тавоноии тавлиди барқ аз 3 ҳазор то 160 ҳазор сомонӣ ва бештар аз он арзиш доранд.
Муштариён низ мегӯянд дар ин шабу рӯзи бебарқӣ пайдо кардани коргоҳҳое, ки аз ин гуна дастгоҳҳо барқи алтернативӣ тавлид кунанд, мушкил аст. Гоҳо барои пайдо кардани онҳо ҳатто аз навоҳии атроф ба шаҳри Душанбе меоянд. Довуди 55-сола яке аз онҳост, ки баъди давр задани 5-6 коргоҳ танҳо як ҷойе пайдо кардааст, ки генератор истифода мекунад:
“Дар зарурат ҳамин генератор хуб аст, кор буд мешавад. Агар набошад, барои мо одамҳои камбизоат барқ бошад нағзтар аст, арзонтар мешавад ва ҳама ҷо кор мекунанд”, – мегӯяд ин корафтода.
Генератор дар як соат то 4 литр бензин сарф мекунад ва арзиши як литр бензин дар бозор аз 10 сомонӣ зиёд аст. Баъзе коргоҳҳои бузургтар мисли ширкатҳои сохтмонӣ то 8 соат аз генераторҳои бузург истифода мекунанд, ки дар як соат 8-10 литр маводи сӯхт масраф мекунанд. Ҳарчанд дар ҳоли ҳозир ин коргоҳҳо хароҷоти иловагиро ба дӯши муштариён бор накардаанд, аммо умедворанд, ки ба зудӣ вазъи таъмини барқ мӯътадил мешавад. Зеро агар ин вазъ идома кунад, маҷбуранд масрафро аз ҳисоби муштариён ҷуброн кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь