Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои навсозӣ кардани низоми гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, ба Тоҷикистон 6 миллион евро ҷудо мекунад. Тибқи маълумоти Вазорати молия, созишномаи мазкур 6-уми октябр дар Душанбе имзо гардид.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, аз 6 миллион евро 3 миллионаш грант ё маблағи бебозгашт ва нисфи дигар қарз мебошад. Шарту шароити ин қарз эълон нагардид.
Дар шаҳри Душанбе ду маркази барқу гармидиҳӣ кор мекунанд, ки якеаш аз сӯи ширкати чинии “ТВЕА” сохта шуд.
Фаъолияти ҳарду маркази гармидиҳии пойтахт нигаронии фаъолони муҳити зистро ба миён овардааст, чун ин марказҳо бо ангишт кор карда, ҳаворо ифлос мекунанд.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки мақомоти Тоҷикистон бо 6 миллион еврои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд кадом бахши низоми гармидиҳии пойтахтро нав мекунанд.

БАТР ба Тоҷикистон шаш миллион доллар медиҳад
Блоки рекламавӣ


