Ширкати «Барқи тоҷик» тасмим гирифтааст, ки дар моҳи Рамазон ба мардуми кишвар сабукӣ орад, аз ин рӯ маҳдудият дар интиқоли барқ ба хонаҳо кам карда мешавад ва субҳу шом хонаҳо рӯшан хоҳанд буд.
Сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ ба ОИ «АП» дар ин бора хабар додаааст, лекин аз ҷузъиёти масъала чизе нагуфтааст. Ӯ гуфтааст, ки дар бораи пурра аз байни бурдани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҳоло ягон тасмиме гирифта нашудааст.
Мувофиқи реҷа аз соати 23:00 то 05:00-и субҳ интиқоли барқ ба сокинони минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон қатъ мешавад, аммо дар хабар аст, ки дар баъзе манотиқ шаби гузашта барқро хомӯш накардаанд.
Блоки рекламавӣ



