Вазорати нерӯи барқи Ироқ аз қатъи пурраи интиқоли барқ дар саросари кишвар хабар дод.
Мақомоти ироқӣ гуфтанд, ба таҳқиқи сабабҳои ин ҳодиса шуруъ кардаанд, вале ҳоло маълум нест, ки хонаҳои мардум кай рӯшан мешавад.
Хабаргузории расмии Ироқ (INA) бо такя ба мақомоти бахши энергетикӣ гуфтаанд, камбуди интиқоли газ ба нерӯгоҳҳо ва ҳамлаҳои пайдарпай ба хатҳои интиқоли барқ сабаби бебарқӣ дар кишвар гардид.
Пештар аз ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Арбил, маркази Курдистони Ироқ хабар пахш карда буд
Блоки рекламавӣ



