Тибқи тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, дар мамлакат барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ(“озодапаланг”) ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр гардид, иттилоъ додаанд аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Тоҷикистон 50 соли охир шикори ин ҳайвони ваҳшӣ манъ ва ҳифзу нигоҳдории он яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист аст.
Дар асоси ислоҳот, моддаи 232¹-и Кодекси ҷиноӣ бо таҳрири нав қабул гардида, ҳоло таҳти унвони «Шикор, нест кардани мақсаднок, инчунин гирифтани ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ё фурӯши бабри барфӣ (пантераи Осиёи Марказӣ)» амал мекунад. Пештар ин модда танҳо «Шикор ва нест кардани мақсадноки бабри барфӣ» ном дошт.
Мувофиқи таҳрири нав, барои содир намудани чунин қонуншиканӣ ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 200 то 1 ҳазору 800 нишондиҳандаи ҳисобӣ ё маҳрумият аз озодӣ то 3 сол пешбинӣ шудааст.
Тибқи меъёрҳои қаблӣ, ҷарима аз 800 то 1200 нишондиҳандаи ҳисобӣ, корҳои ислоҳӣ то 2 сол ё маҳрумият аз озодӣ то 3 сол муқаррар мегардид. Дар ҳолати такроран содир кардани ҷиноят ҷавобгарӣ боз ҳам шадидтар шуда, ҷарима аз 2 000 то 3 000 нишондиҳандаи ҳисобӣ ё маҳрумият аз озодӣ аз 4 то 8 сол таъйин карда мешавад. Ҳамзамон маҳрум шудан аз ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол низ пешбинӣ карда шудааст. Қаблан ин ҷазоҳо сабуктар буда, маҳрумият аз озодӣ аз 3 то 5 солро ташкил медод.

Барои шикори бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ баландтар гардид
Блоки рекламавӣ


