Мактаббачае, ки ҳамсинфонашро дар мактаби рақами 153 – и Красноярск оташ зад, бо худ керосин оварда буд. Тибқи иттилои шабакаи иҷтимоӣ, духтари 14-сола ба латта сӯзишворӣ рехт ва онро бо шишаи керосин ба синф партофт. Аз рӯи синну сол вай ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад барои кирдори худ ба ӯ то даҳ соли зиндон таҳдид мекунад.
Духтарак рӯзи чоршанбе, 4 феврал аввал сарпӯши ҳоҷатхонаро дар мабрази мактаб оташ зад. Пас аз он, вай ба синф баргашт ва шишаи омехтаи оташгирандаро ба дохили синф партофт ва сипас бо болға ҳамсинфон ва муаллимашро зад. Дар натиҷа шаш нафар осеб диданд, ки панҷ нафари онҳо кӯдакон буданд. Онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд. Се наврас то ҳол дар ҳолати вазнин, дар реаниматсия қарор доранд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ангезаи ҷиноят масхара кардани мактаббача аз ҷониби ҳамсинфонаш ва гузоштани лақаби таҳқиромез буд.

“Барои оташ задани ҳамсинфони худ”
Блоки рекламавӣ


