Мақомоти тафтишотии Руссия се муҳоҷири тоҷики аз 22 то 26-соларо саркардагони ин занозанӣ ном бурданд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки муҳоҷирон ҳангоми занозанӣ дар баробари мушту лагад аз чӯб ҳам истифода кардаанд.
Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар додааст, ки пулис ҳама иштирокчиёни ин задухӯрди гурӯҳиро муайян ва боздошт кардааст. Ба иттилои манбаъ, ниҳодҳои зирабт қонунӣ будани кору зиндагии онҳоро дар Русия месанҷанд.
Феълан ба онҳо аз рӯйи моддаи “авбошӣ”, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Баъд аз ин ҳодиса, мақомоти рус бо баргузории як рейд, 30 нафар муҳоҷир аз Ӯзбекистону Тоҷикистонро барои тафтиш ба шӯъбаи пулис бурданд.
Дар натиҷа, нисбати 14 шаҳрванди Тоҷикистон ва 9 шаҳрванди Ӯзбекистон барои майдаавбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон зиёд иттифоқ меафтад. Вазорати корҳои дохилии Русия дар аксар мавридҳо муҳоҷиронеро, ки дар занозаниҳои гурӯҳӣ иштирок менамоянд, аз қаламрави он кишвар берун месозанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь