Ба соли нави хониши 2025-2026 рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Имрӯзҳо бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чунин серодам шудаанд, ки ҷойи қадамзанӣ намеёбӣ. Инро дида, баъзе фурӯшандагон молҳои худро бо нархи гарон фурӯхта истодаанд.
Барои омода кардани як хонанда ба мактаб, шиму костюм, пойафзол , куртаи сафед, миёнбанд, гарданбанд, ҷуроб, дафтару ручка, қалам, албом ва ҷузвдон бояд харидорӣ намоӣ. Барои хариди ҳамаи ин камаш аз 1500 то 2000 ҳазор сомонӣ масраф хоҳад шуд.
Барои духтар низ ҳамин миқдор маблағ сарф мешавад. Зеро имрӯзҳо дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нархи як шиму костюм 250-500 сомонӣ, пойафзол 150-300 сомонӣ, куртаи сафед 100-170 сомонӣ, гарданбанд 20 то 40 сомонӣ, ҷуроб 10 то 30 сомонӣ, миёнбанд 40 то 100 сомонӣ, дафтару ручка, қалам, албом 100 то 150 сомонӣ ва ҷузвдон 70 то 250 сомонӣ арзиш доранд.
Сокинон мегӯянд, ки фурӯшандагон медонанд, ки мардум маҷбур ҳастанд, то фарзандони худро ба мактаб омода кунанд. Барои ҳамин, аз фурсати муносиб истифода карда, чӣ қадаре дилашон хоҳад, имрӯз нарх монда, фурӯхта истодаанд