Қарори афви Бахтҷон Байҷонов, бародари собиқ вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Қуандиқ Бишимбоев, ки барои куштори ҳамсари шаҳрвандии худ ба мӯҳлати тӯлонӣ маҳкум шуда буд, ба иҷро даромад. Дар ин бора Inform.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти суди вилояти Акмолин хабар додааст.
Тибқи ин маълумот, суд пешниҳоди муассисаи низоми иҷрои ҷиноятиро дар бораи кӯтоҳ кардани мӯҳлати ҷазо ба маҳбус қонеъ кард.
“Тибқи Қонун дар бораи авф дар робита ба сисолагии Конститутсияи ҶҚ ба маҳкумшуда Б. қисми адонашудаи мӯҳлати ҷазо ба 1/3 қисм кам карда шуд ва барои адои ҷазо 1 сол 4 моҳ 17 рӯз маҳрум сохтан аз озодӣ муайян карда шуд”, — гуфта мешавад дар хабари хадамоти матбуот. Ҳамин тавр Байҷонов моҳи ноябри соли 2026 бояд озод шавад, гарчанде ки бо ҳукми аввал ӯ бояд моҳи июли соли 2027 муассисаи зиндонро тарк мекард.
Намояндагони суд мушаххас карданд, ки пардохти маҷбурӣ ва хароҷоти мурофиавии аз бародари вазири собиқ ситонидашуда, пурра ҷуброн карда шудааст.
Куштори Салтанат Нукенова-ҳамсари шаҳрвандии собиқ вазири иқтисоди Қазоқистон Бишимбоев моҳи майи соли гузашта сурат гирифта буд. Собиқ вазир дар куштор бо бераҳмии хос ва шиканҷа гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ 24 соли зиндон таъин карда шудааст.
Ғайр аз гунаҳгори асосии парванда, бародари дигараш Бахтҷон Байҷонов дар курсии айбдорӣ менишаст. Вай барои пинҳон кардани ҷиноят чор солро бояд дар зиндон мегузаронид. Аммо қонуни афв ба ӯ ҳам расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь