Таҳияи лоиҳаи барномаи дастгирии буҷети грантии Иттиҳоди Аврупо дар бахши таҳсилоти касбию техникӣ барои ду соли минбаъда дар Тоҷикистон зимни вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ашурализода бо намояндаи қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел Биггот Винсент баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ тамдиди барнома дар таҳкими ислоҳоти соҳаи маориф ва меҳнат, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани фарогирии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид.
Аз ҷониби намояндаи Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки марҳилаҳои нави он ба самтҳои рушди маҳорати «сабз» ва дастгирии гузариш ба иқтисоди «сабз», рақамисозӣ дар соҳаи касбомӯзӣ, таълими калонсолон ва бозори меҳнат, дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла занон ва шахсони маъюб, тавассути омӯзиш баланд бардоштани малака ва мусоидат ба шуғл равона карда шаванд.
Инчунин зимни вохӯрӣ татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнат» ва «Барномаи дастгирии буҷет барои солҳои 2023–2025» баррасӣ гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь