Ба иттилои Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби мақомоти андоз ба буҷети давлатӣ 12 миллиарду 715.7 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Ин нисбат нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 миллиарду 528.2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ масъулини ин ниход гуфтанд, ки ба ҳолати 1 июни соли равон бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ 975.8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат аввали соли 2024 235.6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Саодати Абдукарим
Блоки рекламавӣ