Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур, барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, Сангов Бурҳониддин сокини 27-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 19-уми январи соли ҷорӣ, дар кӯчаи С.Айнӣ бо рафтори дағалона ва алфози қабеҳ нисбати шаҳрвандону атрофиён беэҳтиромӣ намуда, ҳамзамон ба як қатор воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон зарарҳои хурди техникӣ расонидааст.
Дар натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки Сангов Б., воситаҳои нашъадори навъи «Бангдона» ва машрубот истеъмол намуда, дар ҳолати ниҳоят сахти мадҳушӣ қарор дорад.
Вобаста ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ нисбати номбурда бо моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.
Хамзамон, вобаста ба дигар кирдорҳои ғайриқонунии Сангов Б., тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Банг кашиду беҳушона дашном дод
Блоки рекламавӣ


