Мақомоти “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар Афғонистон мегӯянд, ин кишвар пешгирӣ аз халалдор шудани тиҷорат, ба таври афзоянда ба Бандари Чобаҳори Эрон рӯй овард.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки ин тағйири масир таъсири қобили таваҷҷуҳе дошт.
Абдусалом Ҷавод Охунзода, сухангӯи вазорати тиҷорат эълон кардааст, ҳаҷми тиҷорат бо Эрон дар шаш моҳи гузашта ба 1,6 миллион доллар расидааст, ки 500 миллион доллар аз ҳаҷми тиҷорат бо Покистон бештар аст.
Ӯ гуфтааст, ки “Гумруки Эрон бо доштани таҷҳизоти муосир, 30 дарсад тахфиф дар таърифаҳои бандар ва 75 дарсад тахфиф барои ҳифзи молу колоҳои тоҷирони афғон дар назар гирифтааст. Имкониятҳои Чобаҳор таъхирҳоро коҳиш дода, ин бовариро барои тоҷирон медиҳад, ки бо баста шудани марзҳо, фиристодани борҳо қатъ нахоҳад шуд”.
Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии нахуствазири Ҳукумат ба тоҷирони он кишвар се моҳ мӯҳлат додааст, то қарордодҳои худро дар Покистон дар ин муддат ба поён баранд ва ба масирҳои ҷойгузин рӯй биёваранд.
Ин кишвар ба асоси як паймони транзитӣ бо Эрон ва Ҳинд дар соли 2016, аз Бандари Чобаҳор барои боркашонӣ истифода мекунад.
Аз тақрибан як моҳ ба ин тараф Покистон роҳҳои заминии худро бо Афғонистон бастааст, ки дар натиҷаи он тоҷирони афғон зарари зиёд дидаанд.

Бандари “Чобаҳор”-и Эрон ҷойгузини роҳи Покистон
Блоки рекламавӣ


