Имрӯз, 1-уми август, дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардории филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт.
Дар расми ифтитоҳи наворбардорӣ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, директори Агентии «Ӯзбекфилм» Шӯҳрат Ризоев, директори МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, ҳунармандон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳангоми шикастани табақчаи рамзӣ Махмадсаид Шохиён ва Шӯҳрат Ризоев изҳор доштанд, ки то ба ин рӯз баҳсҳои эҷодӣ, вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои муфид миёни ҷонибҳо баргузор шуда, заминаи мусоиди ҳамкориро фароҳам оварданд. Онҳо афзуданд, ки ин филми муштарак ба таҳкими дӯстиву бародарии ду миллати наздик хизмат хоҳад кард.
Дар айни ҳол, 40 ҳунарманди Ӯзбекистон барои иштирок дар сабти филм дар Тоҷикистон қарор доранд. Наворбардорӣ дар павилйонҳои студияи «Тоҷикфилм» ва ҳамчунин дар маконҳои таърихии кишвар, аз ҷумла, қалъаҳои Балҷувон, Ҳисор, Хуҷанд ва дигар ёдгориҳои миллӣ анҷом дода мешавад.
То имрӯз барои сабти филм 1500 нусха китоб ҷамъоварӣ ва омода шудааст. Ҳамчунин, 1650 ашёи гуногун, аз қабили шамъдонҳо, гарданбандҳо, тарозуҳо, кӯзаҳо ва дигар лавозимоти таърихӣ таҳия шудаанд.
Барои қаҳрамонони филм 750 либос, 400 ҷома, 300 тоқӣ ва 350 ҷуфт пойафзол омода гардидааст.
Гуфта мешавад, ки марҳалаи аввали наворбардорӣ дар моҳҳои август ва сентябр дар Тоҷикистон ва марҳалаи дуюм дар моҳҳои октябр ва ноябр дар Ӯзбекистон сурат мегирад.
Тасмими таҳияи ин филми муштарак соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гирифта шуда буд.
Барои таҳияи филм гурӯҳи синамогарони ҳарду кишвар ҷалб гардидаанд. Онҳо дар чанд мулоқот дар Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуда, нақшаи сабти филмро баррасӣ карданд. Дар доираи омодагиҳо, аксу наворҳо аз маконҳои наворгирӣ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Эрон омода карда шудаанд.
Абдураҳмон Раҳмонов