Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар назди мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои ятимону бепарасторони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба сохтмони бинои нави хобгоҳ ҳусни оғоз бахшид.
Лоиҳаи бинои хобгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳамкор бунёд карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳ барои 104 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, аз ду ошёна иборат аст.
Айни замон дар мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 200 нафар, ки аз ин 40 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Зимни боздид раиси вилоят аз шароити хобгоҳ, ошхона, таълим дар мактаб-интернат дидан намуда, масъулинро барои дар фасли зимистон паси сар намудани тарбиятгирандагон бо шароити лозима дастур дод.
Таъкид шуд, ки дар баробари таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дигарон ҷиҳати фароҳам овардани беҳтарин шароиту имкониятҳо баҳри донишандӯзии насли наврас ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия саъю талоши дучанд намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь