Санаи 18-уми феврали соли 2025 дар Филиали муассисаи ғайридавлатии таълимии колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант дар шаҳри Норак бо иштироки муҳассилини колеҷи мазкур ва мутахассисони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар ҳошияи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” доир гардида, дар он якчанд мавзӯҳо ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, роҳҳои эмин мондан аз хавфҳои эҳтимолӣ ва қаллобон, бартарияти пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи дурусти ҳамёнҳои электронӣ ва дигар хизматрасониҳои молиявӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ба иштирокдорон барномаи мобилии Бонк “Амонат-мобайл” намоиш дода шуда, вобаста ба тарзу услуби фаъолият, афзалият ва қуллай будани истифодаи он, пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар имкониятҳои он маълумот дода шуд.
Ҷиҳати ҳавасманд намудани иштирокдорон бошад ба онҳо туҳфаҳои брендии “Амонатбонк” тақдим карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь