Вазир Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Марк Бауман мулоқот кард.
Аз Вазорати молия хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо нақши Бонки Аврупоии таҷдид ва рушдро дар рушди устувори иқтисодиёт, бахусус дастгирии инфрасохтор, энергетикаи «сабз» ва молияи бонкӣ таъкид намуданд.
Ҳамзамон дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда (неруи офтобӣ) тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ, густариши «молияи сабз», беҳдошти хизматрасониҳои коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва пешбурди рақамикунонӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.
Зимни мулоқот маросими баимзорасонии созишномаҳои грантӣ, қарзӣ ва кафолатӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Ёвон» ба маблағи 4,8 миллион евро, аз ҷумла 2,4 миллион евро қарз ва 2,4 миллион евро грант, инчунин кумaки техникӣ ба маблағи 450 ҳазор евро ва лоиҳаи «Модернизатсияи низоми таъминоти гармидиҳии шаҳри Душанбе» ба маблағи 6 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 3 миллион доллар грант ва 3 миллион доллар қарз ба имзо расиданд.

Байни Тоҷикистон ва БАТР созишномаҳои нав ба имзо расид
Блоки рекламавӣ


