13-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии Digital Tajikistan – 2025 баргузор гардид.
Дар кори форум зиёда аз 1000 намояндаи ширкатҳои бонуфузи IT, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди технологияҳои рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи чорабинии мазкур байни низомҳои пардохти Корти Миллӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва HUMO (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расид.
Ёддошти тафоҳум бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои судманд ва дарозмуддат қабул гардида, ҷанбаи калидии он ҳамгироии технологии инфрасохторҳои низомҳои пардохтӣ мебошад. Дар натиҷаи татбиқи ин санад, кортҳои пардохтии HUMO дар шабакаи “Корти Миллӣ” ва ҳамзамон кортҳои “Корти Миллӣ” дар шабакаи HUMO мавриди истифода қарор гирифта метавонанд.
Ҳадафи асосии Ёддошти тафоҳум таҳкими ҳамкории стратегӣ, рушди шарикии устувор ва густариши имкониятҳои пардохти ғайринақдӣ миёни ду низоми пардохтӣ дар сатҳи минтақавӣ арзёбӣ мегардад.

Байни низомҳои пардохти “Корти Миллӣ” ва “HUMO” Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расид
Блоки рекламавӣ


