15 август мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурута баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истиноди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон, аз ҷумла масълаҳои ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи «Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)» дар чаҳорчӯби Кумакҳои бебозгашти Ҷопон (ODA) баргузор гардид.
Блоки рекламавӣ