Президенти собиқи ИМА Ҷо Байден пас аз имзои созишномаи оташбаси Исроил ва ҳаракати “Ҳамос” ба Президенти кунунӣ Доналд Трамп ташаккур гуфт. Дар ин бора ҷаноби Байден дар шабакаи иҷтимоӣ навиштааст.
“Ман ба Президент Трамп ва дастаи ӯ барои кори онҳо барои ба итмом расонидани созишномаи оташбас эҳтиром мегузорам” – навиштааст вай. Байден илова кардааст, ки як қисми масъалаи озодкунии гаравгонҳоро маъмурияти ИМА дар давраи президентии ӯ иҷро кардааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Байден, ҳоло бо дастгирии Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, Ховари Миёна “ба сӯи сулҳ роҳ ефтааст”. Президенти собиқ ба ояндаи “устувор” ҳам барои исроилиен ва ҳам барои фаластиниҳо изҳори умед кард.
Блоки рекламавӣ



