Баҳром Иноятзода, раиси пештараи шаҳри Кӯлоб, ки дувоздаҳ сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, пеш аз муҳлат аз зиндон ҷавоб шудааст. Пайвандонаш озодии Иноятзодаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ҳоло ӯ машғули табобат мебошад.
Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода, рӯзи 2-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, бародараш ду ҳафта пеш аз маҳбас озод шуда буд. Вай гуфтааст ҳафтаи гузашта ба диданаш ба Душанбе рафтаанд ва дар хонааш меҳмон буданд.
Иззатова гуфт, дақиқ намедонанд, ки бародараш бо кадом шарт озод шудааст: “Гуфтем, ки ба Кӯлоб биоед, гуфт, имкони омадан надорад. Ӯро афв карданд ё бахшиданд, аниқашро намедонем. Худаш ҳам чизе нагуфт, вале мо хеле хурсандем, ки ӯ дар озодӣ аст. Ҳамин барои мо бас аст.”
Ба қавли хоҳараш, Баҳром Иноятзода ҳоло табобат мегирад ва “пайваста доруҳои гуногун мехӯрад”.
Баҳром Иноятзода дар моҳи ноябри соли 2020 бо гуноҳи суистифода аз мансаб, ришвагирӣ ва аз худ кардани молу мулки ғайр ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум шуда буд. Иноятзода, ки дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ кор кардааст, моҳи майи соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд ва дар ин мақом ҳамагӣ як сол кор кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь