Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид. Дар ин маврид аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ додаанд.
Дар рӯзи нахустини баргузории ин иқдом дар шаҳри Хоруғ духтарону занон атласу адрас, чакан ва либоси хоси мардуми Кӯҳистони Бадахшонро ба бар намуданд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Заррина Мирзозода иброз намуд, ки «гузаронидани чунин иқдоми фарҳангӣ барои насли имрӯз ва оянда муҳим мебошад. Либоспӯшӣ дар назари аввал одати маъмулии ҳар миллат аст, аммо дар асл таҷассумгари таърих, ҳунар, завқи парастиши зебоӣ ва ойину анъанаҳои ҷолиби ниёгон мебошад».
Бояд гуфт, ки бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ-ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» гузаронида мешавад. Ин иқдом 1 март дар саросари мамлакат оғоз гардида, то 31 май идома меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь