Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки «миллати тамаддунофари ориёнажоди тоҷик давоми мавҷудияти худ масири хеле пурпечу тоб ва ноҳамворро тай намуда, монеаҳои бузургро паси сар намуд. Дар охири асри 20 таърих миллати тоҷикро бо имтиҳони вазнин рӯ ба рӯ намуд. Хушбахтона, ба бахти миллати шарифи тоҷик бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ин фарзонафарзанди ҷонсупору миллатдӯст, ватанпарвару хирадманд миллат аз парокандагӣ ва давлати тоҷикон аз нестӣ наҷот бахшида шуд».
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастур ва ҳидояти Пешвои мардумпарвари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди ҳамаҷонибаи вилоят даҳҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 7,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло дар доираи 10 лоиҳа ба маблағи умумии 2,6 миллиард сомонӣ корҳо идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь