“1 октябр, дар Рӯзи даъватшаванда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро 101 фоиз иҷро намуд” – хабар додаанд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.
Сокинони шаҳри Хоруғ — аз хурд то бузург ба кӯчаю хиёбони марказӣ баромада, бо баргузории роҳпаймоӣ ҷавонписарони синни даъватиро то боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ҳамроҳӣ карданд. Дар ин ҷо бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини идораву муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва наваскарону волидайни онҳо ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Соли ҳаштум аст, ки ҷавонони шуҷоъ ва далери Бадахшон маъракаи даъвати баҳорию тирамоҳиро дар рӯзи аввал ҷамъбаст намуда, барои хизмати содиқона ба Ватан раҳсипор мегарданд.
Маросими гусели наваскарон бо барномаи фарҳангӣ ба анҷом расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь