Дар шаҳри Хоруғ дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба 70 нафар омӯзгору табиб, ки яке дар таълиму тарбия ва дигаре дар ҳифзи саломатии инсон саҳми мубориз доранд, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақдим гардид.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дарбаробари бунёди хонаҳои истиқоматӣ инчунин дар ин мавзеъ сохтмони иншоотҳои гуногуни хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда дар оянда аз рӯи нақша бунёд мегарданд.
Раиси вилоят омӯзгорон ва табибонро бо ҷашни бузурги миллӣ 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва соҳиб гардидан бо қитъаи замин барои сохтмони хона табрик гуфта, таъкид дошт, ки ҳамаи ин ғамхории навбатии Ҳукумати кишвар минҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Блоки рекламавӣ



