Бо мақсади иҷрои бандҳои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026» дар мавсими ниҳолшинонии имсола дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 200 гектар ҷангалзор барқарор карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Дар айни замон дар минтақаи Бадахшон тамоми намуди дарахтон, аз ҷумла дарахтони тухмакдор себ, нок, биҳӣ, зардолу шинонида мешаванд, ки ҳосили хуб низ медиҳанд. Инчунин дарахтони мевадиҳандаи тут ва олу хуб нашъунамо меёбанд. Хусусан, дар ноҳияи Дарвоз меваҳои субтропикӣ, ба мисли анҷир, анор, дар Ванҷ –себ, нок ва дар Рӯшону Шуғнон зардолу, чормағз ва тут хеле хуб парвариш меёбанд.
Блоки рекламавӣ



