Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳолати якуми январи соли равон 1469 иншоот ба маблағи 5,2 миллирад сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки 108 фоизи иҷрои бандҳои нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин хусус 13 феврал Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Дар доираи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят 140 иншоот ба истифода дода шуд. Аз ин шумора 53 адади онро корхонаҳои саноатӣ ташкил медиҳанд.
Дар ин давра иншооти муҳими стратегӣ, аз қабили қисмати бузурги қитъаи 93-километраи шоҳроҳи Душанбе–Дарвоз–Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, қисмати шоҳроҳ бо купрӯки 82-метра ва долони зиддитармавии 550-метра дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули мошингузари 200-метра дар шаҳри Хоруғ, Нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар ноҳияҳои Рӯшон ва Дарвоз, ҳамчунин нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар маҷмӯъ аз ҳамаи манбаҳо ба иқтисоди вилоят зиёда аз 4,2 миллиард сомонӣ ворид гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 3 миллиарду 18 миллион сомонӣ расид, ки нисбати соли 2024 516 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь