Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025», ки дар Маркази намоишгоҳии шаҳри Душанбе «Dushanbe Expo Center» доир гардид, байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Қазвини Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо шуд.
Ҳайати иқтисодию тиҷоратии вилояти Қазвин бо мақсади шиносоӣ бо имконияти нави ҳамкорӣ, фаъолияти ширкату корхонаҳо ва ёфтани шарикони тиҷоратӣ ба Тоҷикистон омада буданд.
Меҳмонон зимни тамошои намоишгоҳ бо имконияти истеҳсолӣ ва маҳсулоти пешниҳоднамудаи иштирокчиён шинос шуданд.
Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2025» аз 13 то 15 ноябр идома ёфта буд. Дар он зиёда аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ молу маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь