Дар 87 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи 10 самт: омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи 344 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 135 номгӯй ихтисос зиёд мебошад.
Ихтисосҳои нав асосан вобаста ба энергияи «сабз», панелҳои офтобӣ, электромобилҳо ва мошинҳои гибридӣ, зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар тамоми самтҳо, техникаву технологияҳои нави соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тиббӣ ва амсоли онҳо ҳастанд.
Ба саволи кадом ихтисосҳо дар айни замон дар Тоҷикистон серталабанд, Фарҳод Раҳимӣ гуфтааст, ки 20 ихтисоси серталаби коргарӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мавҷуд аст, ки инҳоянд: электромонёр, кафшергар, челонгар, сохтмончӣ, устои бетонрез, устои гаҷкору рангмол, қубургузор ва таъмиргар, дуредгар, устои бомпӯш, механик, ронандаи техникаи махсус, оператори дастгоҳҳои саноатӣ, оператори хатҳои истеҳсолӣ, техники барқ ва таҷҳизоти барқӣ, дӯзанда, устои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, ошпаз, коргари анбор, боғбон, деҳқони касбӣ, устои таъмири асбобҳои маишӣ ва техникаи хурд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь