Дар доираи сафар ба Ӯзбекистон, шоҳи Урдун Абдулло II ва Президенти ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Самарқанд ба намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ ташриф оварданд. Дар он, аз ҷумла, ҳавопаймоҳои бесарнишин (БПЛА) аз ширкати Sahro Drone Industry, квадрокоптерҳо ва дастгоҳҳои навъи ҳавопаймо ҷойгир карда шудаанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, ширкати Sahro Drone Industry моҳи майи соли ҷорӣ таъсис ефта, суроғаи ҳуқуқии он ноҳияи Кибрайи вилояти Тошканд мебошад. Намуди асосии фаъолият “истеҳсоли дигар мошинҳо ва дастгоҳҳо барои вазифаҳои махсус, ки ба категорияҳои дигар (таснифот) тааллуқ надоранд” нишон дода шудааст. Фонди оинномавии корхона 10 миллиард сӯм ($812 ҳазор) – ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи асосӣ 90% ба ширкати Top-IT тааллуқ дорад, ки соҳибкор Абдуфотеҳ Абдуғафуров соҳиби он аст. 10% боқимондаро MS-Investment, ки пурра ба Агентии саноати мудофиаи назди Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон тааллуқ дорад, назорат мекунад. Алмосхон Ниёзхонов ҳамчун роҳбари Sahro номгирӣ шудааст.
Моҳи июли соли ҷорӣ шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон 24” гузориш дод, ки ширкатҳои маҳаллӣ кӯшиш мекунанд то истеҳсоли сериявии дронҳоро ба роҳ монанд. Мутахассисон дар болои ҷузъҳои электронӣ ва нармафзори бесарнишин фаъолона кор мекунанд ва сатҳи маҳаллисозии истеҳсолот ба 80% расидааст. Аммо номҳои ширкатҳо мушаххас карда нашуданд.
Маълум аст, ки аз соли 2022 таҳти назорати Вазорати мудофиаи ҶӮ дар ҷумҳурӣ БПЛА-ҳо бо тамғаи Lochin (Сокол) истеҳсол мешаванд. Ин дастгоҳҳо ҳам барои мақсадҳои ҳарбӣ ва ҳам барои мақсадҳои шаҳрвандӣ истифода мешаванд. Илова бар ин, шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар сурати мавҷуд будани иҷозати махсус ба қаламрави ҷумҳурӣ дронҳо ворид кунанд. Одатан, ҳавопаймоҳо дар соҳаи кишоварзӣ е барои наворбардории мавод барои ҷалби сайеҳони хориҷӣ ба кишвар истифода мешаванд.

Ба шоҳи Урдун ҳавопаймоҳои бесарнишини истеҳсоли Ӯзбекистонро муаррифӣ карданд
Блоки рекламавӣ


