Ба Тоҷикистон барои идомаи корҳои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” 100 миллион доллар ҷудо мешавад. Дар ин бора рӯзи чоруми феврал дар шаҳри Дубай миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди Абу Дабӣ оид ба рушд созишнома ба имзо расид.
Бар асоси ин санад, 100 миллион доллар барои сохтмони “Роғун” пешбинӣ шуд. Вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфт, “ҳадафи асосии он пешбурди корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ дар Лоти 2-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” мебошад”.
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ сармоя ҷалб кунанд. Соли 2024 Бонки ҷаҳонӣ барои “Роғун” 350 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ҷудо кард.
Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ҳамчунин аз Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ 270 миллион доллар қарз гирифтааст.
Нерӯгоҳи “Роғун” бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь