Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон давраҳои омӯзишии забони ҷопониро эълон кард. Ҳадафи ин тасмим “таъмини шароит барои муҳоҷирати бехатар ва ҷойҳои кории беҳтар” гуфта мешавад.
Дар ин бора дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон рӯзи 13 уми сентябр хабар дода, гуфтааст, давраҳои омӯзиши моҳи июл шурӯъ гаштаанд. Ба маълумоти ин созмон як давраи омӯзишӣ аз 6 моҳ иборат буда, ин иқдом кори онҳоеро, ки мехоҳанд, барои кор ба Ҷопон сафар кунанд, осон менамояд.
Дар доираи ин барнома ба хоҳишмандон забону фарҳанг ва вижагиҳои зиндагӣ дар Ҷопон омӯзонида мешавад. Ба гуфтаи муттахасисони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, ин иқдом раванди муҳоҷиратро беҳтар хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз мулоқоти сафири Ҷопон бо масъулини ин ниҳод хабар дод. Ин мулоқот рӯзи 12-уми сентябр баргузор шуда, дар он раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар баррасӣ шуд. Кэйко Фуруда, сафири Ҷопон дар ин мулоқот ба ҳамкории беҳтар дар самти муҳоҷират умед кард.

Ба муҳоҷирон забони ҷопонӣ меомӯзанд
Блоки рекламавӣ


