Тибқи ин ислоҳ корфармо минбаъд ҳақ надорад шахсро барои маъюб буданаш ё гирифториаш ба СПИД аз кор маҳрум кунад. То ин вақт дар Кодекси меҳнат чунин банд набуд.
Қонуни нав ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар ҳолати ба табъиз ё дискриминатсия дучор шудан дар ҷойи кор, барои ҷуброни зарар ба мақомот муроҷиат намоянд. Қонун ҳамчунин корфарморо вазифадор мекунад, ки ҳангоми муқаррар кардани маош ба табъиз роҳ надиҳад, яъне барои мардону занон маоши гуногунро дар назар нагирад.
Ин дигаргунӣ бо талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ қабул шудааст. Дар Тоҷикистон ҳанӯз 194 навъи кор, аз ҷумла дар бахши истихроҷи маъдан, кафшергарӣ ва нақбканӣ барои занон манъ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь