Ба маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар дар назар аст, ки 47 микроавтобуси замонавӣ, ки бо қуваи барқ ҳаракат мекунанд ворид карда шавад. Дар ин бора имрӯз раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт МИМҲД-и шаҳри Бохар дар якҷоягӣ бо ҳукумати вилоят лоиҳаи воридсозии микроавтобусҳоро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки ин лоиҳа дастгирӣ ёфт.

“Хушбахтона аз ҷониби Бонки аврупоии рушд пешниҳоди мақомот дастгирӣ ёфта, ба маблағи 10 миллион доллар 47 миниавтобуси барқӣ ворид карда мешавад. Автобусҳое, ки ҳоло дар шаҳр ба мардум хизмат мерасаноанд ба хатсайрҳои байни шаҳру ноҳиявӣ сафарбар карда хоҳанд шуд”, – афзуд Муминзод Абдулмаҷид.

Бояд гуфт, ки ду сол пеш дар доираи як лоиҳа ба шаҳри Бохтар 41 автобус ворид карда шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь