20 январи соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзӣ, созишномаи грантӣ ва созишномаи дастгирии лоиҳа бо иштироки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин , раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид инчунин Роҳбари Намояндагии Бонкии Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ба имзо расонида шуд.
Бояд кайд кард, ки арзиши созишномахои мазкур 10,0 млн евроро ташкил намуда, аз он маблағи қарзӣ 6,4 млн евро ва маблағи грантӣ 3,6 млн евроро ташкил дода, барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон”, ки бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушт (БАТР) амалӣ мегардад, равона карда мешавад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа ба харидории 47 адад электробусҳои хурд ва ташкили нуқтаҳои барқтаъминкунӣ нигаронида шуда, ҳадафи асосии он ташкили хатсайрҳои нави дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз нақлиёти муосири барқӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь