Ба иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон дар давоми даҳ моҳи соли равон ба ин кишвар ба Тоҷикистон як ҳазору 446 тонна содирот намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2024 то моҳи июли соли 2025 ин кишвар дар маҷмӯъ 12,4 миллион тонна ғалла ва орд содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2023/2024 34% зиёд аст.

Тавре масъулини Хадамот хабар доданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 аз ҷониби субъекти хоҷагидори кишвар ба ҷумҳурӣ 613,3 ҳазор тонна гандум ба маблағи 143,6 млн. доллар бо нархи миёнаи 234 доллар барои як тонна ворид карда шудааст.Ба иттилои ин ниҳод, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149,6 ҳазор тонна ё 32,2% афзоиш ёфтааст.

Дар шаш моҳи соли равон ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон 24,4 ҳазор тонна орд ба маблағи 7,4 миллион доллар бо нархи миёнаи 306 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст., ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 14 ҳазор тонна ва ё 36,6% коҳиш ёфтааст.

Зикр карда шудааст, ки аксари орд ба кишвар аз кишвари Қазоқистон ворид мешавад. Аз ин кишвар ба Тоҷикистон 92,8% ба Тоҷикистон орд ворид гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь