Қазоқистон дар ду соли оянда сохтмони роҳи оҳани Тургунди (Торгунди) — Ҳиротро дар Афғонистон ба нақша гирифтааст. Дар ин бора 9 сентябр дар ҷараёни ҷаласаи Ҳукумат муовини вазири нақлиёт Максат Калиакпаров хабар додааст.
Дарозии роҳ 120 километрро ташкил медиҳад: “Имрӯз сохтори маблағгузорӣ таҳия шудааст, корҳо оид ба ҷалби сармоягузорӣ идома доранд” – гуфтааст Калиакпаров ва илова кард, ки лоиҳа ният дорад дар соли 2026-2027 сохта шавад.
Ба гуфтаи муовини вазир, пайдоиши ин роҳ барои содирот ва интиқоли борҳо ба Афғонистон бо дурнамои ворид шудан ба бозорҳои Покистон ва Ҳиндустон имконият фароҳам меорад. Қаблан хабар дода шуд, ки Қазоқистон ният дорад дар Ҳирот як ширкати нақлиетӣ-логистикӣ таъсис диҳад, ки бо пешбурди ин лоиҳа машғул хоҳад шуд. Мақомоти Қазоқистон ҳанӯз маблағи сармоягузорӣ ба сохтмони роҳи оҳанро зикр накардаанд, аммо Ҳукумати Афғонистон баҳори гузашта хабар дода буд, ки Остона омода аст ба лоиҳа 500 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.Ҳамчунин хабар дода шуд, ки Қазоқистон ният дорад дар тӯли роҳи оҳан сими нахи оптикӣ гузорад. Ин ба рушди инфрасохтори рақамӣ дар тӯли коридори нақлиетӣ, беҳтар кардани алоқа, бехатарии ҳаракати қаторҳо, аз ҷумла идоракунии онҳо, имкон медиҳад, ки нуқтаҳои аҳолинишин ба интернети баландсуръат пайваст шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь