Кормандони ҳолатҳои фавқуллода дар Қазоқистон гурӯҳе аз мусофирони тоҷикро, ки автобусашон дар вилояти Оқмола вайрон шудааст, наҷот додаанд. Онҳо аз Руссия ба Тоҷикистон бармегаштанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ҳафтуми ноябр хабар дод, ки автобус бо 53 мусофир, аз ҷумла 8 кӯдак (ҳама шаҳрванди Тоҷикистон) дар ҳудуди деҳаи Жибек Жоли аз кор монд.
“Ҳарорати ҳаво зери сифр буд,” — хабар додааст Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон.
Ҳамаи мусофиронро ба як бинои гарме дар ҳудуди деҳаи Аршали бурдаанд. Пизишкони маҳаллӣ баъд аз санҷиши вазъи мусофирон гуфтаанд, ба ҳеч яке аз онҳо ёрии тиббӣ зарур нест.
Блоки рекламавӣ



