Сиёсатмадорон дар Қазоқистон ҳар сол эъломияи молиёт ё андоз месупоранд. Вале ба мардуми одӣ инро нишон намедиҳанд. Аз имсол вазъ бояд дигар шавад. Вазорати молия гуфтааст, мардум аз ин пас хоҳанд донист, ки вазирон чӣ қадар даромад доранд:
“Дар эъломия музди кор нишон дода намешавад, зеро Вазорати молия ва Кумитаи даромадҳои давлатӣ онро мебинанд ва пур кардани он қисмати эъломия шарт нест. Дар эъломия фақат муомилоти пулиро нишон медиҳанд. Иттилооти солҳои пешро дар эъломияҳо нишон нахоҳанд дод. Яъне, фақат вазъи моливу дороиҳои ҳозираи мансабдоронро нишон медиҳанд ва солҳои баъд метавон дид, ки сарвати онҳо кам шудааст ё зиёд”.
Серик Жумангарин, муовини сарвазири Қазоқистон гуфтааст, ки “ба фикрам, шумо кайҳост, медонед, музди мо чӣ қадар аст. Ба ин пурсишҳои шумо борҳо ҷавоб додаанд. Идораи кадрҳои вазорат эъломияҳои сиёсатмадорони давлатиро нашр мекунад. Ҳар чизе, ки мо соли гузашта харидем, аз ҷумла моликият, авроқи гаронбаҳо ва ғайра нишон дода мешаванд. Сарчашмаҳои даромад ҳам.”

Қазоқистон: Мардум минбаъд хоҳанд донист, ки вазир чӣ қадар маош мегирад
Блоки рекламавӣ


