Қазоқистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дипломатҳои Толибонро таъйид кардааст.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба дархости мақомоти феълии Афғонистон дар бораи аккредитатсияи дипломатҳои худ дар Остона вокуниши мусбат дод. Дар ин бора рӯзи 17-уми апрел дар брифинг намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадиёров хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, маъмурияти нави Афғонистон бо дархости аккредитатсияи дипломатҳо ба мақомоти Қазоқистон муроҷиат кардааст, Остона посухи мусбат додааст.

«Дар посух ба дархости маъмурияти нави Афғонистон дар бораи аккредитатсияи дипломатҳо қарори мусбат қабул шуд. Рӯшан бояд гуфт, ки бо суқути режими қаблӣ дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон холигии қудрат ба вуҷуд омадааст. Сафоратхонаҳои ҶИА намояндагии ин давлатро қатъ карданд. Вазъият мураккаб аст, аммо мунҳасир ба фард нест. Таърих мисолҳои зиёди тағйири қудрат дар як қатор кишварҳоро медонад, ки масъалаи қонунӣ будани мақомоти навро ба миён меорад”, – шарҳ дод ӯ.

Ойбек Смадиёров ваъдаи президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро ёдовар шуд, ки дар моҳи сентябри соли 2022 билофосила пас аз ба қудрат расидани Толибон гуфта буд: “Афғонистонро бо мушкилоти кунунӣ танҳо набояд гузошт”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь