Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 81 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сармо наҷот додаанд.
Дар хабари расмӣ омадааст, аз сабаби сардии шадид ва бехатар набудани роҳҳо автобуси ин шаҳрвандони Тоҷикистонро дар яке аз роҳҳои вилояти Акмалинский манъ карда, худашонро ба меҳмонхона бурдаанд. Дар миёни ин афрод 17 кӯдак низ будааст.
“Ин нафарон барои кӯмак ва дастгирӣ ба наҷотдиҳандагон миннатдорӣ карданд”, – гуфтанд мақомоти Қазоқистон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь