Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Душанбе корҳои сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоии 110-киловолта аз зеристгоҳи барқии «Равшан» то зеристгоҳи барқии «Шаҳринав-2» идома доранд.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба кам намудани борнокии хатҳои барқии баландшиддати 220- киловолта, баланд бардоштани эътимоднокии шабакаи барқ ва таъмини устувори аҳолӣ ва корхонаҳо бо неруи барқ мусоидат менамояд.
Ин тадбирҳо барои рушди инфрасохтори энергетикии пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он амалӣ гардонида мешаванд.
Блоки рекламавӣ



