Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 60-солаи сокини шаҳри Панҷакент, Раиси кооперативӣ-тиҷоратии «Кумсой»-и ш.Панҷакент аз 21-уми феврали соли 2023 то 1-уми июли соли 2024, дар кооперативи мазкур кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз саҳмдорони кооперативии мазкур 23 ҳазору 990-сомонӣ маблағҳои обӣ полезӣ ва андозро ҷамъоварӣ намуда, маблағҳои мазкурро ба хазина пардохт накарда, азонихуд намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки пирамарди 72-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ҳамчун роҳбари Кооперативи тиҷорати «Б.Ғафуров-2»-и шаҳри Панҷакент кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш, аз моҳи октябри соли 2021 то моҳи декабри сол 2025 бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз саҳмдорони кооперативии мазкур 124 ҳазору 272-сомонӣ маблағҳои қарзи андози заминро ҷамъоварӣ намуда, ба хазина пардохт накарда, азонихуд намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь