Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 то 3 майи соли 2026 дар пойтахти мамлакат мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2026» оид ба ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус аз шӯъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд.
Мусобиқа дар доираи силсилаи ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, яке аз бонуфузтарин чорабиниҳои варзишии ҷаҳон дар ин намуди варзиш ҳисоб мешавад.
Варзишгарон барои ба даст овардани холҳои муҳими раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо рақобат менамоянд, зеро ин холҳо барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ заруранд.
Мусобиқа аз рӯи 14 вазн — 7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон доир мегардад. Ғолибон ва ҷоизадорони ҳар вазн мукофотҳои пулӣ мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва муаррифии имконоти варзишии мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз якум то сеюми май мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо
Блоки рекламавӣ


