Марди тоҷик бо ҳамсар ва духтараш дар шаҳри Самараи Руссия ба ҳалокат расидаанд.
Ҳодиса 7-уми январ рух дода, наздикони мард танҳо як рӯз баъд аз он хабардор шудаанд.
Яке аз дӯстони марди фавтида 11-уми январ ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, ҷасади Алӣ ва ҳамсару духтарашро имрӯз ба Тоҷикистон мефиристанд. Фавтидагон сокинони маҳаллаи Туркманистони шаҳри Бохтар будаанд.
“Рӯзи 7-уми январ Алӣ ва ҳамсару духтараш аз газ заҳролуд мешаванд. Хешу табор аз Тоҷикистон як рӯз занг мезананд, аммо ба зангҳояшон касе ҷавоб намедиҳад. Як рӯз баъд наздикони Алӣ, ки дар Самара буданд ба хонааш мераванд ва дарро шикаста медароянд. Маълум шуд, ки баъди заҳролуд шудан аз газ, Алӣ аз хоб бедор шуда, кӯшиш мекунад дари ҳаммомро кушояд, аммо ҳамонҷо мефавтад. Ҳамсараш низ ҳомиладор буд”, – гуфт яке аз дӯстони марди фавтида.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, соли гузашта дар пайи сӯхтори манзилашон дар Самара писари сесолаи Алӣ ба ҳалокат расида буд. Баъди ин ҳодиса, ҳамсари Алӣ пойфишорӣ доштааст, ки ба Тоҷикистон баргарданд.
“Алӣ дар яке аз баландошёнаҳои Бохтар хона харида буд ва ин оила мунтазири тамом шудани таъмири хона буданд. Аммо имрӯз ҷасадашонро мефиристем”, – гуфт дӯсти Алӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь