Сокини Австралия Брэд Гай баъди афтидан аз баландии 4,5 км зинда монд. Дар вақти ҳодиса ӯ 22 сол дошт ва ҳоло 33 сол дорад. Тафсилот дар сомонаи SBS оварда шудааст.
Вай тасмим гирифт, ки аз шаҳодатномаи 21-солагии худ барои аз парашют ҷаҳидан, истифода барад. Дар байни онҳое, ки барои тамошои ҷаҳиш омаданд, волидони ӯ буданд. Мард якҷоя бо мураббии ҳавопаймо ҷаҳид, аммо парашюти онҳо дуруст кушода нашуд. Он гоҳ онҳо парашюти эҳтиётиро кушоданд, аммо боз комёб нагардиданд.
Ба инструктор муяссар шуд, ки онҳоро ба ҷои бехавф барои фуруд – ба теппаи кӯл дар наздикии майдони голфбозӣ равона кунад. Дар натиҷа, мураббӣ ва Брэд Гай тавонистанд зинда монанд.
Блоки рекламавӣ



