Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, ки дар ин шашмоҳа аз ҷониби мақомоти прокуратура 4 ҳазору 610 санҷиш гузаронида шуда, 2 ҳазору 977 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Беш аз 45 ҳазор нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 199 ҳазору 379 нафар барқарор карда шуд. Дар ин давра 997,3 миллион сомонӣ маблағи зарар, аз ҷумла 339,3 миллион сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шуд.
Дар ин шаш моҳ ҳ ба мақомоти прокуратура беш аз 22 ҳазор муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки 1657 –тои он қонеъ кунонида шуд.
Блоки рекламавӣ