“Фиристодаи махсуси Президенти ИМА Стив Уиткофф ва Вазири умури хориҷии Эрон Аббос Аракчи дар рӯзҳои охир тамосҳои мустақимро аз сар гирифтаанд”, – хабар медиҳад нашрияи Axios рӯзи 16 март бо истинод ба манбаъҳои худаш.
Ба гуфтаи онҳо, Аракчи ба Уиткофф паёмҳои матнӣ фиристод, ки дар онҳо дар бораи қатъи ҷанги ИМА ва Исроил бо Эрон сухан мерафт.
Қаблан нашрияи Drop Site News хабар дода буд, ки тибқи маълумоти манбаъҳои эронӣ, маҳз Уиткофф ба Аракчи паём фиристодааст ва вазири умури хориҷии Эрон онро нодида гирифтааст.
Маълум нест паёмҳое, ки Аракчи ва Уиткофф мубодила мекарданд, то чӣ андоза пурмазмун буданд, аммо ин аввалин муоширати мустақими байни Эрон ва ИМА аз оғози ҷанг аст, ки беш аз ду ҳафта идома дорад. Президенти Има Доналд Трамп рӯзи 16 март гуфтааст, ки Эрон бо ИМА тамос гирифтааст, аммо маълум нест, ки оё мансабдори Эрон ваколат барои гуфтушунид дорад ё не. Вай афзудааст, ки ба гуфтушунид зид нест.

Axios: Эрон ва ИМА тамосҳои мустақимро аз сар гирифтаанд
Блоки рекламавӣ


