Маъмурияти Трамп нақшаи сулҳи иборат аз 28 нуктаро таҳия мекунад ва онро бо Маскав муҳокима менамояд” – дар ин бора Axios бо истинод ба мансабдорони Руссия ва Амрико навиштааст.
Кадом шартҳо ва кадом ҳуҷҷатҳоро дарбар мегиранд, мушаххас карда намешавад. Танҳо маълум аст, ки он ба чор гурӯҳ тақсим шудааст: оташбас, кафолати амниятии Украина, амният дар Аврупо ва ояндаи муносибатҳои ИМА бо Русия ва Украина.
Ба гуфтаи манбаъҳо, дар ин санад Намояндаи махсуси ИМА Стив Уиткофф кор мекунад. Гуфта мешавад, ки ӯ нақшаро бо намояндаи махсуси Путин Кирилл Дмитриев муфассал муҳокима кардааст.
Ба гуфтаи Дмитриев, нақша бояд то мулоқоти навбатии Трамп ва Путин омода шавад, дар ҳоле ки нишасти эҳтимолӣ дар Будапешт дар таваққуф аст.
Як мансабдори украинӣ ба Axios тасдиқ кардааст, ки ҳафтаи гузашта дар Майами Уиткофф нақшаро бо мушовири Зеленский оид ба амнияти миллӣ Рустам Умаров баррасӣ кардааст.
Дирӯз маълум шуд, ки Зеленский рӯзи чоршанбе, 19 ноябр барои дубора эҳё кардани гуфтушунидҳо оид ба “анҷоми ҷанг”ба Туркия рафтааст. Стив Уиткофф низ бояд ба ин мулоқот ҳамроҳ шавад.

Axios: ИМА ва Руссия пинҳонӣ нақшаи навро барои анҷоми ҷанг таҳия мекунанд
Блоки рекламавӣ


